23:14 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Ҷойи хоб, акс аз бойгонӣ

Сесад сомонӣ дар 1 рӯз: cокини Испечак хонааш дар кӯчаи Айниро фоҳишахона кардааст

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Вазорати умури дохилиии Тоҷикистон мегӯяд, марди 20-сола, сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе барои ташкили фоҳишахона дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҷавон ба ивази маблағ дар хонааш дар кӯчаи Айнии пойтахт барои шаҳрвандон шароити мулоқоти маҳрамона фароҳам мекардааст.

Манбаъ афзуд, ки муттаҳам шоми 22-юми январи соли 2019,  барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит муҳайё карда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 25-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 33-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки инчунин 25 январ аз як марди 34-сола ва зани 38-сола барои фароҳам овардани шароит 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ