06:15 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Первый заместитель председателя Комитета по делам женщин и семьи при правительстве Таджикистана Мархабо Олими

Се мушкилии асосии бонувон дар Тоҷикистон: посухи Кумитаи занон

© из личного архива Мархабо Олими
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Ба гуфтаи муовини аввалии Кумитаи занон, Марҳабо Олимӣ  барои беҳтар намудани зиндагӣ  дар Тоҷикистон бояд қонунгузории кишварро тағйир дод

ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани ҳаёти занон ба қонунгузории амалкунандаи  тағйирот ворид карда мешавад, хабар дод муовини раиси кумитаи занон Марҳабо Олимӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, ки соли гузашта дар Дастгоҳи перзиденти Тоҷикистон гурӯҳи махсуси корӣ ташкил дода шуда буд.

"Ин гурӯҳҳо феълан барои тағйири қонунгузорӣ лоиҳа омода мекунанд. То ҳол аллакай 20 санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ омода шудааст", - гуфтааст Олимӣ.

Имрӯзҳо занони тоҷик асосан ба се мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд: ҳифзи ҳуқуқҳои худ,  стереотипҳои шахшуда нисбати онҳо ва зӯроварӣ дар оила.

Соли гузашта Кумитаи занон 1,4 ҳазор шаҳрвандон ва 191 аризаи хаттӣ ба қайд гирифта шудааст.

"Занон асосан барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ, бартараф кардани зӯроварӣ дар оила, тақсимоти мерос, ҷустуҷӯ кор ва манзил, рӯёнидани алимент ва кӯмаки моддӣ ба муроҷиат мекунанд", - мегӯяд муовини раиси кумита.

Ба гуфтаи ӯ,  кумита талош дорад ба занони дар муҳоҷират буда кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.

Кумита барои баргардонидани занони муҳоҷир мусоидат мекунад ва барояшон кор мекобад.

Олимӣ афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон барои занони соҳибкор грант ҷудо карда шудааст.

"Аз соли 2006 грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории занон амалӣ мешаванд. Ҳамасола 80 зан аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ мегиранд. Афзун бар ин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо грант ҷудо мекунанд", - таъкид мекунад вай.

Ҳамчунин бонкҳо низ ба занон имтиёзҳо пешниҳод мекунанд, афзуд Марҳабо Олимӣ.

Мавзӯъҳои асосӣ