Фиреби 36 тоҷик бо ваъдаи кор дар Аврупо: оғози парванда алайҳи роҳбарони “Гардуна”

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи роҳбарони ширкати “Гардуна” хабар дод, ки дар фиреби 36 шаҳрванди кишвар муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Бахтиёр Арабов, директори “Гардуна” бо маслиҳати пешакӣ бо муовинаш Рустамов Тоҳир Аскарович, сармуҳосиб Хушқадамова Тоус Муборакқадамовна ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав Скоҳоутил ба ивази маблағ ба 36 шаҳрванд ҷои кор дар Чехия ваъда дода, иҷро накардаанд. Феълан назари ҷониби айбдоршавандаҳо дар мавриди ин иттиҳом маълум нест.

Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи боздошти Азизов барои латукӯби духтари 23-сола дар назди тарабхонаи Галаксӣ -видео

Ин ниҳод яке аз ҷабрдидагонро Собиров Собир Алиназарович ном бурд, ки масъулини муттаҳами “Гардуна” аз ӯ гӯиё барои таъмини ҷойи кор дар Чехия 1320 доллар гирифта, зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ Арабов, Рустамов, Хушқадамова ва Васлав Скоҳоутил ба боварии 36 шаҳрванди дигар даромада,  аз онҳо 32 ҳазору 210 доллар ва 101 ҳазору 538 сомонӣ гирифта, ваъдаашонро иҷро накарданд.

Ожонси зидди фасод афзуд, ки феълан алайҳи Арабов, Рустамов, Хушқадамова ва Васлав Скоҳоутил бар асоси моддаи 247, барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0