21:44 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Бозори Корвон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Боздошти 4 зан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"

Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
277 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 зан дар Душанбе хабар дод, ки дар дуздӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса, зани 50-сола, сокини пойтахт муроҷиат карда, арз доштааст, ки 20 феврали соли 2019 дар бозори “Корвон” ҳамёнашро дуздидаанд.

Ҷабрдида изҳор доштааст, ки ҳамёни ҳомили 4700 сомониро шахсони номаълум пинҳонӣ аз ҷайбаш гирифтаанд.

ВУД, гуфт дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду зани қаблан судшуда барои дуздӣ ва ду шарики навашон боздошт гардидаанд.

“Занони 23 ва 37, сола сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон суд шудаанд ва ду нафар зани 31 ва 37-солаи сокинони пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ