02:01 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ, барои дашномдиҳӣ дар кӯчаи Душанбе ҷарима шуд

Баъди шикоят дар facebook: ҷаримаи табиби оянда барои дашноми зан дар кӯча

дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
771 0 0

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ, донишҷӯи соли 6-уми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро барои дағалгуфторӣ нисбати зан дар кӯча 385 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, як ҷавонзани 33-сола бо ирсоли як расм тариқи шабакаи “Фейсбук” аз дашномдиҳии ҷавоне дар маҳаллаи 46-уми пойтахт шикоят кардааст.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки як ҷавони тахминан 23-25-сола, 27-уми феврали соли ҷорӣ ҳангоми убури роҳ дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст.

Манбаъ афзуд, муайян карда шуд, ки ҷавони дар расм инъикосгардида шаҳрванд Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ Муътиллоевичи 25-сола, оиладор соҳиби 1-фарзанд, донишҷӯи бахши 6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад.

Ба иттилои ВУД, Маҳмадҷонов зимни бозпурсӣ тасдиқ кардааст, ки 27-уми феврали соли ҷорӣ бо ҳамроҳии ҳамкурсонаш дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ҳангоми убури роҳ нисбати ҷавонзане дашномҳо додааст ва шоҳидон низ инро тасдиқ кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, Маҳмадҷонов Ҳумайниро бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 385 сомонӣ ҷарима таъин кардааст.

ВУД аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе даъват кардааст, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаҳо шудан, тариқи телефони боварии Раёсати ВУД дар пойтахт - 221-15-00, ё суроғаи электронии rvkddushanbe@mail.ru иттилоъ диҳанд.

Барчаспҳо:
ҷарима, дағалӣ, дашном, муроҷиат, шабакаи иҷтимоии Фейсбук, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ