15:17 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Девушка в наручниках, фото из архива

Ба хонаи мард даромаду ғорат кард: ВУД аз боздошти зане ба иттиҳоми дуздӣ хабар дод

© Sputnik / Anar Mustafayev
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Гумонбаршуда 38 сол дошта, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст. Алайҳи зан парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҷаббор Русулов ба иттиҳоми дуздӣ хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зан ба хонаи марде ворида шуда, манзилашро ғорат кардааст.

"Гумонбаршуда 38 сол дошта, аввалҳои моҳи июли соли 2018 ба хонаи истиқоматии марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 4.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. 

Аммо кормандони мақомот занро чанде пеш дастгир кардаанд.

Алайҳи гумонбаршуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ