"Шабона занро ба хонаи нимсохт бурда, нисбаташ рафторҳои беҷо ва ғорат карданд"

© Flickr \ Kiran FosterСвязанные руки
Связанные руки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як гурӯҳ ҷавонон дар маҳаллаи 46-уми Душанбе тақрибан соатҳои 11-и шаб зани 34-солаи сокини пойтахтро ба мошин савор карда, ба як хонаи нимсохт бурда, ӯро таҳқир кардаанд ва пулу телефонашро кашида гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Як сокини 34-солаи шаҳри Душанбе дар шӯъбаи ВУД Тоҷикистон нисбати чанд ҷавон аризаи шикоятӣ навиштааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохила хабар медиҳад, занро шабона "рабуда", таҳқир карда, ғорат намудаанд.

Ба гуфтаи ин сокини Душанбе, тахминан соатҳои 23-00, ҳангоми дар маҳалаи 46-уми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ӯро як гурӯҳ ҷавонон ба автомашинаи тамғаи “Нексия”, савор карда ба хонаи нимсохте, ки дар ҷамоати деҳоти М.Турсунзода воқеъ гардидааст, бурда нисбаташ рафторҳои беҷо намуда, сипас аз дасташ 150-сомонӣ маблағ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро, ки 800-сомонӣ арзиш дошт тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

"Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД №1-и ноҳияи мазкур, се нафар мардони 29, 28 ва 22 сола, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дасгир гардиданд", - афзудаанд дафтари матбуотӣ.

Тафтишоти қазия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0