Ду соли зиндон ва товондиҳии ҷавони тоҷик барои талаби пул аз маъшуқааш бо таҳдид

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Перм шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба ду соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тавре расонаҳои минтақавӣ аз қавли мақомот хабар доданд, додгоҳи Перм марди муттаҳамро ба тамаъкорӣ дар ҳаҷми калон гунаҳкор дониста, ба 2 соли зиндон маҳкум кардааст.

Телефонный разговор - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: аз ҳифзи обрӯй бо баҳои 5,5 ҳазор сомонӣ то 50 га замин ба ивази 30 000 сомонӣ пора

Ба иттилои тафтишот, маҳкумшуда бо як зан аз Прикамя тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, ӯро ба мулоқот даъват кардааст.

Манбаъ афзуд, ки зан барои дидор ба Перм омадааст ва мард саҳнаҳои мулоқоташонро сабт карда, бо таҳдиди бадномкунӣ 300 ҳазор рубл талаб кардааст.

Бар асоси парванда, маҳкумшуда таҳдид кардааст, ки дар сурати саркашӣ аз пардохти маблағ, наворҳои маҳрамона бо иштироки ин занро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн хоҳад кард.

Аммо маъшуқа ба пулис муроҷиат кардааст ва дар натиҷа марди 32-сола боздошт шудааст.

Додгоҳ мардро дар тамаъкорӣ гунаҳкор дониста, дар баробари таъини ду соли зиндон, маҳкумшударо муваззаф кардааст, ки ба ҷабрдида 30 ҳазор рубл ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

Лентаи хабарҳо
0