Субҳи рӯзи дуюми раисиҷумҳур дар Суғд аз кӯдакистон оғоз шуд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кӯдакистони "Парасту" дар шаҳри Гулистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кӯдакистони Парасту дар шаҳри Гулистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” - ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, аз се бино иборат мебошад.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Одиназода ба табибон: ба аскарӣ танҳо ҷавонони солим ҷалб шаванд

“Ин иншоот тайи солиёни зиёд ба харобазор табдил ёфта буд ва он аз ҷониби ҶДММ “Авитсена” дар шаҳри Гулистон пурра таъмиру навсозӣ шудааст”, - афзуд котиботи раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонданд.

“Акнун дар ин муассисаи наву замонавии томактабӣ 500 нафар фарзандони сокинони шаҳри мазкур дар 14 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бо ба фаъолият шуруъ намудани ин кудакистон 38 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд. Дар ин ҷо раванди таълиму тарбия бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, мураббиёнаш ботаҷриба ва соҳибихтисос мебошанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, кӯдакистон ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад, ки ин барои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷраҳо дар фасли зимистон мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0