17:38 10 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Открытие нового здания районной больницы №3 в Бободжон Гафуровском районе

Раисҷумҳур дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави беморхонаро ифтитоҳ кард

пресс-служба президента РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3-ро бо 120 кат мавриди истифода қарор дод.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додааст,хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намудҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо додааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд.

Бинои беморхона дар масоҳати умумии 2 гектар бо тарҳи зебову замонавӣ  сохта шуда, аз 3 ошёна, таҳхона, шуъба, бахшҳои муоина ва табобатӣ иборат мебошад.

Дар таҳхонаи беморхона таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири рентгенӣ, озмоишгоҳ ва безараргардонӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, барои шустушӯйи сару либос дастгоҳҳо дастрас ва барои ҷобаҷогузории асбобҳои хоҷагидорӣ низ шароити хуб муҳайё гардидааст.

Раисиҷумҳур дар пояи 50-метрӣ парчами давлатӣ барафрохт

Барои ташхису муайян намудани бемориҳо, анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ ва дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои кӯдакона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 81 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ истеҳсоли Ҷумҳуриии Мардумии Чин, Олмон ва Япония ворид шуда, барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб карда шудаанд.

Аз шароити муосири хизматрасониҳои тиббии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 қариб 42 ҳазор нафар аҳолии деҳоти мазкур истифода мебаранд.

Бо бунёди беморхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, табибону мутахассисони соҳа имкон доранд, ки дар шароити мусоиди корӣ тамоми намуди бемориҳоро бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муайян ва сари вақт муолиҷа намоянд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон корхонаи Абдушукур Раҷабовро ифтитоҳ кард
"Шоҳона" дар боғи суперинтенсивӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ангур шинонд
Хона ба ниёзмандон, ҳадя ба кӯдакон: гузориши аксӣ аз сафари Раҳмон ба Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ