21:04 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Ҳошим Гадо, ҳангоми гирифтани ҷоиза аз дасти раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҳукумат таъини нафақаи махсус барои Ҳошим Гадоро баррасӣ дорад

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
389130

Пешниҳод барои таъини нафақаи махсус барои ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳошим Гадо дар баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Ин нукта дар изҳороти Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зикр шудааст.  

“Ҷиҳати муқаррар кардани нафақаи махсус барои ҳунарманд дар баррасии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод қарор дорад”, - изҳор доштааст Саидов ва аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз масъалаи нафақаи ҳунарманди асил ҳангома насозанд.

Дар изҳороти нашршуда аз қавли Саидов таъкид шудааст, ки феълан Ҳошим Гадо дар баробари нафақаи имтиёзнок, инчунин аз ду ҷои кораш, аз театри ба номи Лоҳутӣ - 1592 сомонӣ ва  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода – беш аз 1 ҳазор сомонӣ маош мегирад.

Ҳукумат таъини нафақаи махсус барои ҳунарманди 82-соларо дар ҳоле баррасӣ дорад, ки худи ӯ аз нафақаи ночизаш гила кард.

Ҳошим Гадо дар як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, 10-20 сол шуд, ки ба мақомдорон дар масъалаи нафақааш муроҷиат кардааст.

“Муроҷиат кардам, ки оё Артисти халқии Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, дорандаи Ситораи Президент 700 сомонӣ нафақа гирифтанаш дуруст аст? 60 сол дар театру кино барои халқи тоҷик хизмат кардам, 40 сол дар донишкадаи санъат дарс гуфтам ва 200 ҷилд китоб мунташир кардам. То аз дастам омад ба халқи тоҷик хизмат кардам. Барои чӣ солҳои дароз ман муроҷиат мекунаму нафақаи ман каме боло намешавад?", - суол гузошт Ҳошим Гадо.

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ мебошад, ки як моҳ пас - 10-уми майи соли 2019, 82-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад. Ӯ беш аз 50 сол дар хидмати фарҳанг қарор дошта, ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Мавзӯъҳои асосӣ