20:53 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Близ Душанбе сель смывает улицы и топит дома

Аз ВМКБ то Суғд: харобиҳои борону сел дар Тоҷикистон

Александр Ким
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1360 0 0

Сели дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор ба як қатор заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Ба дунболи харобкориҳои сел дар Эрону Афғонистон навбат ба Тоҷикистон расид, менависад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Бар асари  боронҳои шадид дар як қатор манотиқи кишвар омадани сел ба қайд гирифта шуд. 

Чунончӣ, сели ҷоришуда дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Ховалинг, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияҳои Масчо, Спитамен, шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷекати вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор ба як қатор заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. 

На юге Кыргызстана сель накрыл автомобиль с людьми
© кадр из видео отправленного по WhatsApp-каналу

Дар роҳи мошингарди Ванҷ – Душанбе резиши санг дар қитъаҳои гуногун ҳаракати мошинҳоро боздошт. Дар айни замон роҳҳо куллан бозанд.

Дар ноҳияҳои Масчо ва Спитамен, шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел қисман қитъаҳои наздиҳавлигиро пахш кард, лойоба ба бахше аз хонаҳои истиқоматии сокинон низ зарар расонд. 

"Дар шаҳри Турсунзода боришоти шадид сабабгори болоравии сатҳи об дар рӯдхонаи Ширкент шуд, ки дар натиҷа сел ба 1 хонаи истиқоматӣ, 11 сохтмони ёрирасон ва 4 пул дар рустои Деҳвак зарар расонд",-омадааст дар хабарнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода афзуда, ки дар маҳалҳои офатзада комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳо кор мекунанд ва барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус ҷудо карда шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ки боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селҳо дар манотиқи мухталифи кишвар хушбахтона талафоти ҷонӣ надоштанд.

Мавзӯъҳои асосӣ