09:23 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото

ВУД: милисаҳо Аминқуловаро таҳқиру нисбаташ зӯроварӣ накардаанд

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
732 0 0

Зан ба милисаҳо итоат накарда, бо онҳо ҷангу ҷанҷол намудааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба матлаби як шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯзномаи "Тоҷикистон"  "Маст набудам, мастам карданд"  раддия навиштааст. Ба иттилои манбаъ, Аминқулова Гулчирой, ки ВУД насаби аслии ӯро Алимқулова менависад, дар матлаб шикоят бурдааст, ки милисаҳо ӯро таҳқир карда, нисбаташ зӯроварӣ кардаанд.

Аммо вазорат ин иттиҳомотро пурра рад мекунад.

Ба иттилои манбаъ, 2-юми августи соли 2018, тахминан соати 18:20-дақиқа, Алимқулова аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бо автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", рақами қайди давлатиаш 72-15 ВН 01 ҳаракат намудааст.

Дар чорроҳаи назди идораи Маорифи ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милитсияи ШВКД-1  бо гумони дар ҳолати мастӣ қарор доштани шаҳрванд Алимқулова Г. ӯро боздошт кардаанд.

"Ҳангоми манъ намудани автомашинаи мазкур мусофири дохили он, корманди нуқтаи таъмири автомашинаҳо бо номи Раҳматулло, ки нӯшокии спиртӣ нӯшида будааст, аз автомашина фаромада фирор мекунад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Вале, Алимқулова Г. ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, бо кормандони милитсия баҳсу мунозира намудааст.
Бо сабаби муайян кардани ҳолати мастӣ кормандони милитсия аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки ба автомашинаи онҳо нишаста ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ раванд.

ВУД менависад, Алимқулова Г. бо онҳо ҷанҷол карда, норозигӣ баён намуда, бо автомашинаи худаш нишаста, ба Шуъба омадаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Алимқулова Г. ягон зӯроварӣ сурат нагирифтааст.

Алимқулова Г. дар Шуъбаи мазкур автомашинаашро монда, кормандони милитсия роҳхат барои муайян кардани ҳолати мастии ӯ гирифта, ӯро ба ҳушёрхона, воқеъ дар шаҳри Душанбе оварда, аз ташхис гузаронидаанд ва ташхис муайян намудааст, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор надорад.

"Онҳо ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ баргашта, номбурда автомашинаашро гирифта рафтааст. Оид ба он, ки гӯё кормандони милитсия аз ӯ талаб кардаанд, ки як зиёфат кунад, ягон асос надорад", - таъкид мекунад манбаъ.

Мавзӯъҳои асосӣ