21:31 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Девушка укладывает прическу, архивное фото

Синни издивоҷ барои духтарон боло бурда мешавад: дар Узбакистон

CC0 / Pixabay
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
366 0 0

Дар Узбакистон духтарони то 18 сола дигар ҳуқуқ надоранд, шавҳар кунанд

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Дар Узбакистон аз 1 сентябри соли 2019, синну соли никоҳ барои духтарон боло бурда мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати адлияи Узбакистон хабар медиҳад.

Қарори маhбут ба ин масъала-"Чораҳои иловагӣ барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак", аз ҷониби презиlенти Узбакистон Шавкат Мирзиёtв имзо шудааст.

Мувофиқи ин қарор оғоз аз 1 сетябр, танҳо духтароне, ки  18 солро пур кардаанд, ҳуқуқ доранд, оила барпо кунанд.

Тибқи қонунгизории ҷорӣ, духтарон аз 17-солагӣ  ва писарон аз 18-солагӣ ҳуқуқи барпо кардни оиларо доштанд.

Қайд мешавад, ки фақат дар ҳолатҳои истисно, иҷоза дода мешавад, ки духтарони то 18 сола, шавҳар кунанд.

Масъалаи боло бурдани синну соли никоҳӣ барои духтарон аз соли 2012 инҷониб баррасӣ мешавад.

Ҷудо шудӣ, хона хар: дар Узбакистон баъди талоқ хона аз они зан мешавад

То ин дам дар Узбакистон барои пешгирии ҷудошавии бармаҳали оилаҳо чораҷӯӣ шуда буд.

Масалан, раиси шаҳри Тошканд аз ҷавонон даъват кард, ки аввал маълумоти олӣ гирифта, пасон хонадор шаванд. Ва дар ин росто ба маркази ақду никоҳ, таълимгоҳҳо ва тарабхонаҳо, тавсияномае равон кард, ки мувофиқи он агар яке аз ҷонибҳо соҳиби маълумот набошад, тӯй барпо намешавад.

Дар баробари ин хабар дода шуд, ки ҳукумати кишвар мехоҳад ному насаби нафаронеро, ки ҷудо мешаванд дар рӯзномаҳо нашр кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ