07:19 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Раджаббой Ахмадзода и Эмомали Рахмон

Бо ҳидояти Раҳмон ва дастури Аҳмадзода: 30% арзонӣ дар остонаи Рамазон дар Суғд

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
829 0 0

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти ниёзи аввалия нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фоиз арзонтар пешниҳод карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бо ибтикори мақомоти вилояти Суғд аз 27 апрел то 5 майи соли равон дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол ва Бӯстон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, рӯзи 27 апрел дар майдони назди Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими кушодашавии ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд.

"Раиси вилоят зимни боздид аз растаҳои гуногун таъкид кард, ки ярмаркаи мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ташкил гардид то мардум маҳсулотро нисбат ба нархҳои бозор арзонтар дастрас намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Иқдоми нек дар арафаи Рамазон: дар Мастчоҳ ба ниёзмандон ройгон ғизо медиҳанд

Дар ин росто ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Манбаъ афзуда, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти ниёзи аввалия нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фоиз арзонтар пешниҳод карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ