17:29 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Саидмукаррам Абдуқодирзода,раиси шурои уламо, акс аз бойгонӣ

Кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд?

© Sputnik / Амир Исаев, STR
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
199420

Шурои уламои Тоҷикистон эълон кард, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 6м ай шурӯъ мешавад

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба суоли корбари сомонааш посух додааст, ки бо кадом далел рӯза метавонад шиканад.

"Мегуфтед, ки кадом амалҳо рӯзаро мешикананд ва кадом амалҳо рӯзаро намешикананд",- мепурсад Шаҳром ном корбари вебгоҳ.

Ба гуфтаи коршинсони маркази исломӣ, 10 амал рӯзаро мешиканад ва 4 амал намешиканад.

"Бародари азиз, амалҳои зерин рӯзаро мешикананд: хӯрдан, нӯшидан, доруву дармон кардан, ҳамбистарӣ кардан бо зан, хӯрдан ба хато (масалан дар аснои ғарғара кардан об нохост дар ҳалқаш фурӯ равад), хӯрдани иҷборӣ, ба гумони он ки шаб аст, бихӯрад, дар ҳоле ки субҳ дамидааст, қай кардан ба ихтиёри худ, нос ва сигор кашидан. Амалҳое, ки рӯзаро намешикананд, инҳоянд: ба фаромӯшӣ хӯрдан, эҳтилом шудан, ногаҳон даромадани ғубор, пашша ё дуд дар ҳалқ", — омадааст дар посухи шурои уламо.

Пештар хабар дода шуд, ки оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 6 май аст.

Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

Моҳи Рамазон 30 рӯз, то 4 июн давом хоҳад дошт ва 5-уми июн дар Тоҷикистон Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
моҳи Рамазон, рӯзадорӣ, Шурои уламои ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ