09:50 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Ҳатто президент пойафзолашро кашид-интиқоди корбарони интернет аз муовини сарвазир

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1185 0 0

Корбарони интернет амали муовини сарвазирро, ки дар манзили собиқадори ҷанг пойафзолашро накашидааст, муҳокима доранд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Корбарони интернет амали муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов ва намояндаи ҳукумат дар вилояти Таласск Мурод Муродалиевро, ки дар манзили куҳансарбоз пойафзолашонро накашидаанд, интиқод карданд.

Ба иттилои Sputnik Қирғизистон, аксе, ки дар Facebook ва Instagram паҳн шудааст, дида мешавад, ки мақомдорон дар назди куҳансарбоз бо пойафзол нишастаанд, дар сурате, ки худи собиқадор бе пойафзол аст.

Барои қиёс ва намуна, корбарон дар бари ин акс сурати дигареро гузоштаанд, ки дар он раисҷумҳури кишвар Сооронбой Жээнбеков ба аёдати куҳансарбози дигар рафтаасту дар манлизи ӯ пойафзолашро кашидааст.

 

Намояндагони ҳукумати Қирғизистон пеш аз Рӯзи Пирӯзӣ ба аёдати куҳансарбозон рафтанд. Хабар дар бораи аёдати собиқадорон рӯзи 8 май дар хадамоти ҳокимият нашр шуд.

Аксҳо дар интернет баҳси бузургеро барангехтанд. Мардум Раззоқов ва Муродалиевро ба беэҳтиромӣ нисбати куҳансарбозон айбдор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳрулло Саидов 5000 сомонӣ фиристод

Пештар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо акси бобояш дар "Ҳанги ҷовидон" ширкат мекунад.

Раисиҷумҳур акси бобояш-Пирназаров Жээнбекро, ки иштирокчии ҶБВ мебошад, дар маросим намоиш медиҳад.

Сооронбой Жээнбеков гуфт, ки барои ӯ "Ҳанги ҷовидон" нишони хотираи абадии касоне ҳаст, ки ҷони худро барои Ватан фидо карданд. Ӯ ба ҷаҳониён ва мардуми Қирғизистон сулҳ орзу кард.

Мавзӯъҳои асосӣ