10:03 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Река Сиама в Таджикистане

Ба сокинони шаҳри Бохтар ҷойи истироҳати бехатарро нишон доданд

© Фото : из личного Архива Андрея Захватова
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Командони КҲФ ба кӯдакону наврасон дарсҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ дар обро гузарониданд ва ба онҳо фаҳмониданд, ки дар ҳолатҳои нохӯш чӣ бояд кунанд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои об дар миёни аҳолии шаҳри Бохтар корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ карданд ва ба онҳо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро фаҳмонданд.

Ба гузориши КҲФ, бо сокинон фаҳмониданд, ки рӯзҳои гармои тобистон дар кадом гӯшаи шаҳр ва соҳили рӯдхонаву ҳавзҳои оббозӣ истироҳат кунанд ва кадом макон барои оббозӣ мамнӯъ аст. 

Бо фаро расидани фасли гармои сол мавсими оббозӣ низ оғоз мешавад. Ҳамасола бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ даҳҳо нафар дар гӯшаву канори кишвар ғарқи об мешаванд.

Диққат, сел омад: қоидаи рафтори дуруст ҳангоми омадани сел-КҲФ

Командони Раёсати Кумита бештар ба кӯдакону наврасон дарсҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ дар обро гузарониданд. Ва ба онҳо фаҳмониданд, ки дар ҳолатҳои нохӯш чӣ бояд кунанд.

Дар поёни мулоқот  миёни ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ паҳн карданд, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ омода карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ