08:57 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан

Шикояти сокинони ноҳияи Темурмалик ба раиси вилояти Хатлон

© Госкомитет по земельному управлению РТ
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
121510

Ҳакимзода Қурбон раиси вилояти Хатлон арзу шикояти сокинони ноҳияи Темурмаликро шунид

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳакимзода Қурбон бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик рафт, дар ин бора хадамоти матбуотии мақомоти ин вилоят хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мақсади сафари раис, мулоқот ва вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Темурмалик ва ошноӣ бо рафти иҷроиши амри президент аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №АП-1059 ва банди 15 –и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашни 30-солагии истиқлол мебошад. 

Дар чорчӯби ин сафар раиси вилоят бо сокинони ноҳия дидору мулоқот карда, арзу доди шаҳрвандонро шунидааст. 

Раиси вилояти Хатлон мақоми нав гирифт

Дар вохӯрӣ нӯҳ нафар сокинони ҷамоатҳои мухталифи ноҳия арзашонро ба раиси вилоят расонидаанд.

"Онҳо аз рӯи мушкилоти гуногун, ба мисоли ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, маркази хизматрасонӣ, маркази савдо (бозор), ноқилҳо барои кашидани хатти барқ, трансформатор, симчӯбҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, танқисии оби нӯшокӣ, ва як пешниҳод барои сохтмони обанбор муроҷиати шифоҳӣ намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки раиси вилоят арзи ҳар якеро гӯш карда, барои иҷрои онҳо ба масъулин супориши мушаххас додааст.

Мавзӯъҳои асосӣ