01:17 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ВМКБ

Аз манзил то ҷои кор: Ёдгор Файзов рӯзҳои шанбе ба "дод"-и мардум мерасад

Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1463 0 0

Ҳар рӯзи шанбе раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва муовинонаш шаҳрвандонро қабул мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзҳои шанбе теъдоди зиёди мардумро аз ноҳияҳои гуногуни вилоят қабул намуда, мувофиқи имконият мушкилашонро ҳал мекунад.

"Ҳар ҳафта рӯзи шанбе раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Ёдгор Файзов, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ Аминҷон Мирзоқандов теъдоди зиёди шаҳрвандон аз ҳамаи ноҳияҳои вилоятро қабул менамоянд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ин росто, мувофиқи имконият раиси вилоят ва муовинонаш ба шаҳрвандон кӯмакҳои моддӣ, ҳуқуқӣ расонида, масъалаҳои манзили зист, ҷалби ҷавонон бо ҷойи кори доимиро ҳал мекунанд.

Шикояти сокинони ноҳияи Темурмалик ба раиси вилояти Хатлон

Мутобиқи моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

Мавзӯъҳои асосӣ