Аҳмадзода ба 400 кас замин доду ба 400 нафари дигар ваъда кард

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба 400 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд, замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, 400 нафар сокинони эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳраки Сайҳун соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Маросими тақсимоти навбатии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ имрӯз, ҷумъаи 31 май бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.

Аҳмадзода зимни суханронии худ аз дастгирӣ ва ташаббусҳои мардумпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мебошад.

Зикр гардида, ки давоми солҳои охир танҳо дар шаҳраки навбунёди Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоии шаҳрак ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

"Рӯзҳои наздик дар шаҳраки Сайҳун боз барои беш аз 400 оила замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Аҳмадзода ба аёдати собиқадори меҳнат рафт - Sputnik Тоҷикистон
Раиси фаъол: Аҳмадзода иди Фитрро эълон накарда, ба табрики сокинон рафт

Аҳмадзода ба хонаводаҳои ҷавони Суғд замини наздиҳавлигӣ дод

Аз ҷумла, 3928 гектар замин барои инфрасохтори шаҳрак ва 690 гектар барои бунёди боғҳои интенсивӣ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят ҳамзамон оид ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят низ маълумот дода, зикр кардааст, ки дар ин раванд бобати ободонии шаҳраки Сайҳун, аз ҷумла ҷиҳати бо барқ ва оби полезӣ таъмин намудан ва сохтмони роҳҳои мошингарди шаҳрак тадбирҳо амалӣ мегарданд.

Раиси вилоят бо лоиҳаи маҳаллаи нав шинос шуда, ба масъулини соҳаҳои меъморӣ ва сохтмон, барқу об ва дигарон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0