16:37 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото

Милисаҳо тарбузу карамро ройгон ва гӯштро 20 сомонӣ гирифтанд

© Sputnik / Алексей Куденко
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1263 0 0

Бо дастгирии роҳбарияти ВКД ба ниёзмандон тарбуз, помидор, бодиринг ва карам ройгон дода шуд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дастгириву кумак ба ниёзмандону маъюбон, барои ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи шаҳрвандону кормандон дар ВКД ва ҷузъу томҳои он ярмаркаи маҳсулоти хӯрока доир мегардад.

Ба гузориши ин ниҳод, рӯзи 4-уми июн ба муносибати Иди шарифи Рамазон дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи идона бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифати хӯрока баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасони ВКД ва деҳқонон аз ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҳисор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Панҷу Хуросон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин корхонаву ширкатҳои шириву қаннодӣ маҳсулоти худро бо нархи дастрас, аз 40 то 50 фоиз нисбат ба нархи бозор арзон ба мизоҷон пешкаш намуданд.

"Аз ҷумла, 1 кг гӯшт 20 сомонӣ, 1 кг шакар 5 сомонӣ, 1 кг биринҷ 8 сомонӣ, 1 кг картошка ва пиёз 1-сомонигӣ, як қуттӣ тухм 15 сомонӣ ва монанди ин дигар маводҳои хӯрока - нахӯд, мош, сабзӣ, меваҷоти тару тоза бо нархҳои дастрас пешкаши харидорон гардонида шуд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ярмарка бо дастгирии роҳбарият ба ниёзмандон тарбуз, помидор, бодиринг ва карам ба таври ройгон дода шуд, ки онҳо барои ин иқдом арзи сипос намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ