Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Конибодом рафт

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Суғд мегӯяд, бо мақсади бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ аз рӯзҳои аввали офтаи табиӣ, тибқи дастури роҳбарияти вилоят ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, тозасозии хонаҳои сокинон аз лойу рег ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 8 июн ҷиҳати ошноӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Конибодом сафар кард. Дар ин бора равобити умумии мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар ҷамоатҳои ба номи Ғ.Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодом сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиён расонд.

Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Сел хонаҳоро харобу чорворо бурд: борони сел дар шаҳри Конибодом

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ аз рӯзҳои аввал тибқи дастури роҳбарияти вилоят ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, тозасозии хонаҳои сокинон аз лойу рег ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд.

Чуноне зимни боздиди раиси вилоят аён гардид, тозакунии хонаҳои сокинон идома дошта, сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони дигар минтақаҳои шаҳр ба зарардидагон кӯмак расонида истодаанд.

Ҳамзамон ба зарардидагони офати табиӣ се вақт хӯроки гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ барои рӯзгор дастрас гардида, фаъолони шаҳр низ мунтазам кӯмаки худро расонида истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0