10:24 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Лифофа бо маблағ, акс аз бойгонӣ

Ожонси зидди фасод: Назаров аз корафтода 5 ҳазор сомонӣ пора хостааст

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
320 0 0

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Бобомурод Назаров, мақомдори давлатӣ дар шаҳри Ҳисорро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Назаров ба ҳайси сармутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор аз корафтода барои тайёр кардани дафтари ҳавлӣ 5 ҳазор сомонӣ хостааст.

“Санаи 23 январи соли 2019 шаҳрванд “А” бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки сармутахассиси Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор Назаров Бобомурод Султонович аз ӯ барои тайёр намуда додани шиносномаи ҳавлидорӣ маблағи 5000 сомонӣ талаб карда истодааст”, - омадааст дар иттилоия.

"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб – 2016” ронандаҳо тайёр мекард?

Манбаъ таъкид кард, ки худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Назаров Бобомурод баъди аз шаҳрванд “А”, гирифтани 5000 сомонӣ дастгир карда шуда, далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Ожонс иттилоъ додааст, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Назаров, бар асоси моддаи 247, барои қаллобӣ анҷом ёфта, барои моҳиятан баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ