18:55 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Файзов аз беобӣ ва бетартибӣ дар Хоруғ интиқод кард

© Facebook / Голиб Ниятбеков
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
157 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нарасидани оби ошомиданӣ ва полезӣ дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ВМКБ, Файзов зимни ҷаласа дар Хоруғ ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаи таъминоти об ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. 

Манбаъ афзуд, раиси ВМКБ зикр кард, оби ошомидание, ки имрӯз ба шаҳри Хоруғ мебиёяд, барои сокинон басанда аст ва таъкид намудааст, ки тартиби истифодабарии об низ беҳбудӣ мехоҳад.

“Бинобар ин барои мо аз ҳама пеш зарур аст, ки тартиботи дурусти истифодабарии оби нӯшокӣ ба роҳ монда шавад. Агар мо инро ба як тартиби муайян надарорем мо ҳеҷ вақт Хоруғро бо оби ошомиданӣ таъмин кардан наметавонем”, - изҳор доштааст Файзов.

Пас аз 4 рӯз об меояд: хоруғиён аз беобӣ ба Рустам Эмомалӣ муроҷиат карданд

Раиси ВМКБ аз сокинони шаҳр низ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки обро сарфакорона истифода баранд.

“Оби нӯшокиро барои обёрӣ намудани заминҳои наздиҳавлигии худ истифода набаранд”, - хоҳиш кардааст раис аз сокинон.

Файзов инчунин Умедҷон Носирзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро муваззаф кардааст, ки ин масъаларо зери назорат гирад ва аз рафти иҷрои он ба унвонии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон гузориш пешниҳод намояд.

Мавзӯъҳои асосӣ