Соҳибкор дар Зафаробод маркази табобатӣ месозад, раис ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид

Обуна шудан
Маркази ташхисию табобатӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусалом Холматов бунёд гардида истодааст. Бинои ташхисию табобатӣ бо тарзу усули меъмории замонавӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати ошноӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода мегӯяд, ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 400 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Официальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18. - Sputnik Тоҷикистон
Тоҳиров Фирӯз ба маблағи 470 ҳазор сомонӣ дар Бӯстон майдони варзишӣ сохт

“Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва азму талоши роҳбарият ва сокинони ноҳия аз оғози соли 2018 то имрӯз 134 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони даҳҳо иншооти дигар ҷараён дорад”,-меафзояд манбаъ.

Дар идомаи боздид раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ба корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии хусусӣ ҳусни оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода мешавад, Маркази ташхисию табобатӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусалом Холматов бунёд гардида истодааст.

Манбаъ афзуда, ки бинои ташхисию табобатӣ бо тарзу усули меъмории замонавӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0