18:54 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президента Таджикистана Эмомали Рахмон

Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз сокинон ва ронандагони Душанбе

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1348 0 0

Раисиҷумҳур Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Душанбе ва ронандагони восиаҳои нақлиёт сипосгузорӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти маҷлиси Ҳукумат, ки рӯзи 21 июн дар бинои ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, аз сокинони шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, пас аз натиҷагирӣ аз баргузории Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ дар пойтахт — шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ изҳори сипос кард.

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

"Раисиҷумҳур миннатдории бепоёни худро, махсусан, ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба ҳайати меҳмонони Тоҷикистон баён намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Варзоб, зодрӯз, яхмос ва меҳмондории Раҳмон: беҳтарин лаҳзаҳои МҲТБО дар гузориши аксӣ

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тадбирҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ истиқболу гусели пуршукӯҳи меҳмонон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудааст, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор шуд.

Хайр то дидор: саммити шашуми МҲТБО соли 2022 баргузор мешавад

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ