Раисиҷумҳур маркази савдои “Давлатҷон”-ро кушоду ба ятимон пул дод

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии маркази савдои “Давлатҷон”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов сохта шудааст, оғози расмӣ бахшид

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз гардида буд ва дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Хайрияҳои саховатмандону сокинони Хатлон ба маъюбону ятимон равона шудааст

“Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум мағозаи фуруши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тую маъракаҳо пешбинӣ шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар таҳхонаи маркази тиҷоратӣ молу маҳсулоти гуногун нигоҳ дошта мешавад. Масоҳати умумии иншоот 4 садяк заминро дар бар гирифта, худи бино дар масоҳати 260 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Ин сеюмин маркази савдои замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст, навиштааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрасӣ аз ятимии Турсунзода ва дасти сахои соҳибкорон: суҳбати Раҳмон бо ятимон дар Хуҷанд

Дар пайи ба истифода додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Котиботи раисиҷумҳур гуфт, кӯдакон дар арафаи таҷлили бошукуҳи 22 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи пулӣ ва сару либоси зебо гирифтанд.

Шабнам дар Кӯлоб ҳунарнамоӣ карда, даромадашро ба ятимон хоҳад дод

Тибқи маълумот айни замон дар ноҳияи Сангвор 7 нафар ятими кулл, 235 нимятим, 284 маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз шумораи умумии маъюбон 44 нафарашон синни то 18-соларо ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0