08:13 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Водопроводный кран

Як ҳафтаи беобӣ: чӣ гуна Хуҷанд биёбон мешавад - акс

© pixabay
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
684 0 0

Як ҳафта ба ин сӯ оби нӯшокии маҳаллаи 15-уми шаҳри Хуҷанд қатъ шудааст. Сокинон мегӯянд, онҳо бо оби харида ташнагӣ ва дигар эҳтиёҷоти худро рафъ мекунанд. Аммо мардуми фақир бо сатилу ароба аз масофаҳои дур ва маҳаллаҳои дигар об меоранд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ин ҳам дар ҳолест, ки гармии ҳаво дар шаҳр марзи 40 °C – ро убур кардааст.

Абдураҳмон Назаров, сокини маҳаллаи 15-уми шаҳри Хуҷанд мегӯяд, мушкили оби нӯшокӣ ҳанӯз моҳи май ба вуҷуд омада буд.

Писарак дар ҷустуҷӯи об. Хуҷанд
Sputnik
Писарак дар ҷустуҷӯи об. Хуҷанд

Вай гуфт, дар оғоз мардум ба камбуди об мувоҷеҳ шуданд, аммо интизориҳои онҳо аз ин ки вазъ беҳбуд меёбад, замоне барбод рафт, вақте он пурра қатъ шуд.

“Аз рӯзи душанбеи 25-уми июн дар маҳалла интиқоли оби нушокӣ қатъ шудааст. Ҳоло баъзе сокинон дастӣ обро мекашонанд ва баъзеи дигар мошини обро мехаранд. Худи мо ҳам, бо сабаби набудани об, ҳар ҳафта як мошин обро харида зиндагӣ мекунем. Мошини обкашон ҳудуди 5 тонна об мебарад. Аввалҳо, нархи як мошин 50 сомонӣ буд, баъд ба 60 ва ҳоло 70 расидааст”, - мегӯяд Назаров.

Ин сокини маҳаллаи 15-уми Хуҷанд мегӯяд, онҳо дар оилаи иборат аз шаш нафар зиндагӣ мекунанд ва ба далели мушкили беобӣ дар маҳалла, маъмулан мошини обро харида дар ду ҳавзи худсохт захира мекунанд.

Ҳавз барои нигоҳдории об. Хуҷанд
Sputnik
Ҳавз барои нигоҳдории об. Хуҷанд

Раҷаб Хӯҷаев сокини дигари маҳаллаи 15-ум, мегӯяд, дастнорас шудани об, як ҳафта боз зиндагии онҳоро мушкил гардонидааст.

Ӯ мегӯяд, ҳоло аксар сокинон ба дарёфти об рафта, аз роҳҳои дур ба манзилҳояшон дастӣ об мекашонанд. “Як ҳафта боз мо обро дастӣ мекашонем. Мушкили беобӣ дар рӯзҳои гармои тобистон бисёр ташвишовар аст. Зеро ҳар лаҳза эҳтиёҷ ба об пайдо мешавад”, - исрор варзид, Хӯҷаев.

Буталҳои пластикӣ барои обкашонӣ
Буталҳои пластикӣ барои обкашонӣ

Муқаддасхон Маҳмудова, танзимгари соҳили рост дар Идораи комуналии “Хуҷандобуканал” мушкили қатъи интиқоли об дар маҳаллаи 15-уми Хуҷандро тасдиқ кард.

Бино ба гуфти ӯ корношоям шудани муҳаррики обрасон, боиси қатъи интиқоли об дар ин маҳалла шудааст. Ин масъули идораи “Хуҷандобуканал” аз ҳалшавии ин мушкили сокинон гуфт, аммо дақиқан нагуфт, ки ин мушкил кай бартараф хоҳад шуд.

“Аз се муҳаррики обрасон, ҳоло ду тоаш кор мекунад. Як муҳаррик аз кор монд ва сабаби норасии об дар ин маҳалла шуд. Ин муҳаррик ҳоло дар таъмир аст. Ин мушкилиро ба наздикӣ ҳал мекунем”, - гуфт Маҳмудова.

Маҳаллаи 15-уми Хуҷанд тоза соли 2014 дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда, ҳоло дар он 150 хонавода ва ҳудуди 400 нафар сукунат доранд. Зимнан сокинон норасоии оби нӯшокиро яке аз мушкили умдаи худ иброз мекунан.

Чанд рӯз пеш сокинони шаҳраки Чоруқдаррон ноҳияи Б. Ғафурови Суғд ҳам аз мушкили норасоии оби нушокӣ хабар доданд. Фарангис Нурматова як сокини ин шаҳрак гуфт, ки мушкили қатъи интиқоли оби нушокӣ дар маҳаллаи онҳо, воқеъ дар шаҳраки Чоруқдаррон то се рӯз давом кардааст.

Бино ба пешгӯии обуҳавосанҷон ҳарорати ҳаво то санаҳои 4-уми июл дар Тоҷикистон аз ҷумла дар Хуҷанд беш аз 40 дараҷа гарм хоҳад шуд, вале қатъи интиқоли оби нушокӣ дар гармои тоқатфарсо ба мушкили сокинон хоҳад афзуд.

Мавзӯъҳои асосӣ