17:53 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
211910

Ситорашинос ва ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и Русия Турсуной Зокирова рухдодҳои имрӯзро барои намояндагони 12 бурҷ пешгӯӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вебгоҳи ҳафтаномаи "Оила" толеънома дақиқро аз ситорашиноси номӣ Турсуной Зокирова мунташир кардааст.

Ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов"-и Русия Турсуной Зокирова рухдодҳои имрӯзро барои намояндагони 12 бурҷ пешгӯӣ мекунад.

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Знак зодиака Овен
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака Овен

Дар ин рӯз диққати худро ба амалҳое равона созед, ки пешравии коратон аз он вобастагӣ дорад. Амалиётҳои косметикӣ, табобат ва масъалаҳои молиявӣ хуб анҷом меёбанд. Зимни ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Аз кӯмаку дастгирии нафарони дилпур рӯ натобед. Хабар ё ҳодисае ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад.  

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Знак зодиака Бык
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака Бык

Дар ин руз кори табъи дил пайдо намуда, бештар истироҳат намоед. Аз серкорӣ корҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандонро фаромӯш насозед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтан хуб аст. Вохӯрии аҷибу хотирмон эҳтимол дорад.ба садои қалб гӯш андозед. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ бо дӯстонатон нофаҳмӣ имкон дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн) 

Знак зодиака близнецы
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака близнецы

Дар ин рӯз ҷаззобиятатон чунон зиёд мегардад, ки ҳатто рақибонро ба худ ҷалб месозед. Ба маъракаву ҷашнҳои оилавӣ даъватӣ мегардед. Барои барпо намудани тӯйи арӯсӣ ё бастани ақди никоҳ рӯзи беҳтарин аст. Аз саломатиятон ташвиш накашед, вале аз машрубот ва хӯроки равғанин худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Знак зодиака Рак
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака Рак

Дар ин рӯз ба роҳи макру фиреб қадам нагузоред, вагарна ба ҷои бурд бохт мекунед. Барои раҳоӣ ёфтан аз муноқишаҳо бо атрофиён меҳрубон бошед. Мушкилоти молиявӣ боиси сард гаштани муносибат бо дӯстонатон мегардад. Дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед. Мушкилоти молиявиро бо осонӣ рафъ карда наметавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Знак зодиака лев
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака лев

Рӯзи душвор аст. мушкилиҳои гуногун ба кӯшишу ғайрат ва корчаллон будан водоратон месозанд. Ба ҷои истироҳат тамоми рӯз заҳмат кашида, лаҳзаи фориғ пайдо карда наметавонед. Бегоҳирӯзӣ имкони хуби бо дӯстон ва аҳли оила нишастанро пайдо мекунед. Аз маслиҳату тавсияҳои нафароне, ки дар масъалаҳои молиявӣ таҷрибаи бой доранд, сарфи назар накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Знак зодиака дева
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака дева

Рӯзи бобарор аст. Агар дар рухсатӣ бошед, ҳатман табъи дил истироҳат кунед. хариди калон карданро тавсия намедиҳем. Дӯстони дерин ё наздикон маслиҳати хуб медиҳанд. Ҳодиса ё хабаре ба корҳоятон таъсири мусбӣ мерсаонад. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Знак зодиака весы
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака весы

Дар ин рӯз ба гапи ғайбатчиёну ҳасудхурон бовар накунед. Ҳар гаперо, ки дар бораи шахси дӯстдоштаатон мешунавед, бовар накунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Знак зодиака скорпион
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака скорпион

Вохӯрии тақдирсоз шуморо ба ҳайрат меорад. Ҳар қадаре бо атрофиён муносибати худро хуб гардонед, ҳамон андоза шарикони нави тиҷоратӣ пайдо мекунед. Ғуруру такаббур боиси сард гаштани муносибат бо атрофиёнатон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Знак зодиака стрелец
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака стрелец

Дар ин рӯз аз қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна зери таъсири чунин нафарон мемонед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, эҳтимоли рух додани садама, хурӯҷи дил ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Робита бо шарикони нави корӣ бебарор анҷом меёбад, вале дӯстони дерин ё наздикон маслиҳати судманд медиҳанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Знак зодиака козерог
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака козерог

Воқеа ё хабаре имкон дорад, ки ба корҳоятон таъсири хуб мерасонад. Нақшаҳои нав даромади хуби пулӣ меоранд. Муносибатҳоятон бо ҳамсафари ҳаётӣ чандон хуб ҷараён намегирад. Сабаб дар рашк ё зихнагӣ буда метавонад. Дурандешона амал намуда, ин мушкилиро рафъ карда метавонед. Барои харидани либос, ороишот ва мебели нав рӯзи бобарор аст.  

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Знак зодиака водолей
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака водолей

Дар ин рӯз ягон чиз садди роҳи пешравиҳоятон намегардад. Далвҳое, ки ба наздикӣ ҷойи кор ёфтаанд, комёб мегарданд. Дар муҳити орому осуда фикру андешаҳои худро ба тартиб оварда, аз вазъиятҳои душвортарин баромада метавонед. Баъди нисфирӯзӣ бо аҳли оила ва дӯстону фарзандон истироҳат карданро тавсия медиҳем.  

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Знак зодиака рыбы
© CC0 / Pixabay
Знак зодиака рыбы

Дар ин рӯз дар рафтору гуфтор озодона амал куне два ба мақсад мерасед. Барои беҳдошти ҳолати ҷисмонӣ ва солимии руҳу ҷон истироҳати бештарро тавсия медиҳем. Агар тамоми рӯзро дар паси компютер мегузаронида бошед, аз хастагӣ раҳоӣ намеёбед. Дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед, эҳтимоли дар сари рашк муноқиша карданатон вуҷуд дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ