12:15 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Установка оборудование на подстанции Темурмалик

Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мумфаршкунии роҳ пардохт

Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
294 0 0

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6500 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешаванд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Рӯзи 12 июл дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май оғоз ёфт.

Ҳамчунин дар ин маросим, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода низ ширкат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат суҳбат намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ, ки дар қаламрави вилоят ҷараён доранд, маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6500 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешаванд.

"Дар ин раванд ба таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, танҳо дар соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Илова бар ин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд роҳи деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ мумфарш ва таъмиру тармим мегардад.

Таъкид гардид, ки мумфаршсозии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май маҳз бо саҳмгузории сокинону саховатмандон оғоз ёфта, дар маҷмуъ 1,6 км роҳи кӯчаҳои зикршуда мумфарш мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмир ва мумфаршкунии 259,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110,1 км роҳҳои ҳудуди ноҳия навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, 18 км мумфарш, 61 км таъмири ҷорӣ ва 31,1 км шағалпӯш карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ