Панҷ ҳазор гирифту боз хост: боздошти Бобобеков ҳангоми порагирии дубора

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Бахтиёр Бобобеков, муовини раиси ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми порагирӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, ба ин ниҳод як шаҳрванди ниёзманди замин муроҷиат карда, аз порахӯрии Бобобеков хабар додааст.

Банкноты достоинством пять тысяч рублей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Абдурашидов, муовини директори корхонаи давлатӣ дар Конибодом

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки муовини раиси ҷамоати деҳоти Эсанбой аз ӯ барои ворид кардан ба рӯйхати эҳтиёҷмандони замин ва ҷудо карда додани 0,16 гектар замини наздиҳавлигӣ маблағи 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

“Бобобеков аз 10 ҳазор сомонии талабкардааш, охирҳои моҳи апрели соли равон 5000 сомониашро гирифта боз оварда додани маблағи 5000 сомонии дигарро талаб дорад”, - иттилоъ дод Ожонс аз қавли муроҷиаткунанда.

Ин ниҳод афзуд, ки Бобобеков баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 5000 сомонии боқимонда дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Ожонс таъкид кард, феълан алайҳи Бобобеков бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, барои порагирӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Город Вахдат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси зидди фасод раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардааст

Қаблан Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон гуфт, таҳлил нишон медиҳад, ки қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин тамоюли афзоиш дошта, соли 2018 тақрибан 700 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо эътирози прокурорӣ бекор карда шуданд.

Озода Раҳмон зикр намуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Додситонии кулли кишвар Раёсати алоҳида бо 50 воҳиди корӣ барои назорати қонунгузории замин таъсис дода шуд. Дар феҳрасти дастуроте, ки дастгоҳи раисиҷумҳур ба мақомоти додситонӣ ироа кард, назорати қонунгузории замин дар радаи аввал қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0