Ҳушдор: дамои ҳаво дар Тоҷикистон боз ҳам тафсон мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина разливает воду на тротуар
Мужчина разливает воду на тротуар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои наздикӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд

ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавққуллода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз якборагӣ гарм шудани дамои ҳаво ҳушдор медиҳад.

Девушки с веером в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи равон: гармӣ аз Эрон ворид мешавад

Кумитаи мазкур бо истинод ба агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 17 то 20-уми июли соли равон дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк дар назар дошта шудааст. Манбаъ меафзояд, ки эҳтимол ҳарорати  ҳаво аз 44 дараҷаи гармӣ ҳам боло равад.

Аз ин ру Кумитаи фавқуллода зикр мекунад, ки дар робита ба баланд шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли об шудани барфу пиряхҳо ва афзудани сатҳи оби дарёҳои Вахш ва Панҷ вуҷуд дорад.

Бахусус дар болооби дарёҳо, ки дар навбати худ метавонад сабабгори омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг шавад. 

Ҳушдори обуҳавошиносон: тӯли 7 рӯзи оянда гармии ҳаво то ба 42-45 дараҷа мерасад

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои наздикӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд.

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, рустаниҳои шифобахш, чаронидани чорво, шикор ва сайругашт дар куҳҳо ҳушёр бошанд. 

Ҳавои гарм ва хушк аз нимҷазираи Араб, Эрону Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад

Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми истироҳат дар соҳили рӯдхонаҳо, обанборҳо ва кӯлҳо риоя кунанд.

Лентаи хабарҳо
0