Таҳсил намонданду барвақт ба шавҳар доданд: парвандаи ҷиноӣ алайҳи 100 падару модар

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нимаи аввали соли равон дар Тоҷикистон алайҳи беш аз 100 тан падару модар ба ҷурми бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон парвандаи ҷиноӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, аксари падару модарон ба  ҷилавгирӣ аз таҳсили фарзандон дар мактаб, ё ба шавҳар додани духтарони ноболиғ муттаҳам мешаванд.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии 142 ҳазор парванда дар додгоҳҳои Тоҷикистон

Дар ин муддат дар мавриди 2230 падару модар ба ҷурми риоят накардан ба меъёрҳои қонуни марбут ба масъулияти падару модарон дар таҳсилу парвариши фарзандон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар додааст ТоҷикТА аз қавли додситонии кул.

Манбаъ афзуд, ки ҳар падару модар барои ҷурмашон 165 сомонӣ ҷарима шуданд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, тайи шаш моҳи аввали соли равон бо иштироки ноболиғон 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ афзуд, ки нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҷиноят кам мебошад.

Лентаи хабарҳо
0