17:30 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Идораи Тоҷикстандарт, акс аз бойгонӣ

Аз нозирот ба идоранишинӣ: ҷазои мақомдорони “Тоҷикстандарт” баъди шикояти соҳибкорон

© Sputnik Игорь Лекаркин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
769 0 0

Қудрат Давлатзода, раиси Ожонси “Тоҷикстандарт” гуруҳи соҳибкорон аз шаҳри Бохтарро намунаи ибрат хонд, ки ошкоро ба ин ниҳод аз рафтори ношоистаи кормандони Ожонс хабар додаанд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Давлатзода имрӯз зимни посух ба суол дар бораи ҳолатҳои пулгирии масъулини “Тоҷикстандарт” аз соҳибкорон гуфт, шикоятҳо дар ин бора бояд мушаххас бошанд, то алайҳи дастандаркорон чораҷӯӣ шавад.

Ӯ муроҷиати соҳибкорон аз шаҳри Бохтарро мисол овард, ки ахиран аз рафтори ношоистаи кормандони ин Ожонс тариқи телефон шикоят кардаанд. Давлатзода гуфт, муроҷиати соҳибкорон тасдиқ гардид ва алайҳи кормандони ин ниҳод барои кирдорашон огоҳӣ татбиқ шуда, онҳоро аз як идора ба идораи дигар интиқол додаанд.

Раиси “Тоҷикстандарт” гуфт, дар баробари огоҳӣ масъулини дастандаркорро аз системаи нозирот ба системаи идоранишинӣ гузарондаанд. Ӯ таъкид намуд, мақомдороне, ки нисбати соҳибкорон зулм мекунанд набояд дигар бо онҳо муносибат кунанд ва афзуд, ки дар бархе ҳолатҳо масъулинро аз мақом барканор месозанд.  Ӯ сардори пешини нозироти шаҳри Бохтарро мисол овард, ки соли гузашта аз мақом барканор кардааст.

Раиси “Тоҷикстандарт” гуфт, кори масъулини ин ниҳод бе ҳамкорӣ ва иртибот бо ҷомеа натиҷаи хуб намедиҳад. Ӯ мардуми кишвар, рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуд, ки барои пешрафт дар кори “Тоҷикстандарт” ва ислоҳи камбудиҳо ҳамкории бештар кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ