02:33 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1350 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар сӯҳбати телефоние Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистонро ба муносибати зодрӯзаш муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз кишвардори Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ҷашни 62-солагии зодрӯзаш муборакбодӣ намуд.

 Эмомалӣ Раҳмон, президенти Узбакистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбодӣ карда, дар шахсияти ӯ ба мардуми Ӯзбекистон шукуфоӣ ва сулҳу суботро орзу намуданд.

Варзоб, зодрӯз, яхмос ва меҳмондории Раҳмон: беҳтарин лаҳзаҳои МҲТБО дар гузориши аксӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди бомароми шарикии стратегии миёни ду кишвар нақши муассири Шавкат Мирзиёевро дар пешбурди ин раванди созанда махсус таъкид карданд.

Сипосгузории Узбакистон аз Тоҷикистон барои пешсафӣ дар ҳалли мушкили глобалӣ

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак барои густариши минбаъдаи муносиботҳои Тоҷикистон ва Узбакистон иброз доштанд.

Бо созу сарбоз: нахуствазири Ҷопон Раҳмонро дар рӯзи зодрӯз пуршукӯҳ пазироӣ кард

Ёдова мешавем,ки имрӯз президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёв зодрӯз дошта ба синни 62- солагӣ қадам мезанад.Мирзиёев аз соли 2016 ба ин сӯ роҳбарии Ҷумҳурии Узбакистонро бар ӯҳда дорад.

Барчаспҳо:
табрикот, Узбакистон, Президент, зодрӯз, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ