17:33 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Эълони Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли се вазифа

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
553 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли чаҳор вазифа озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, барои ишғоли се вазифа озмун эълом кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон, барои ишғоли се вазифа: сармутахассиси шуъбаи захираҳои ҳатмӣ ва коғазҳои қиматнок (1 ҷой), мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои ҳатмӣ ва коғазҳои қиматнок (1 ҷой) ва сармутахассиси бахши феҳрасти қарз (1 ҷой) корманд ҷустуҷӯ дорад.

Дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии иқтисодӣ мебошанд, метавонанд ширкат кунанд.

Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти ин се ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи корбурд бо компютер ва таҷрибаи корӣ дар бонк ва донистани қонунгузории Тоҷикистон талаб мешавад.

Яке аз шартҳои дигар доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз ду сол гуфта шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 15 августи соли 2019 мебошад.

Маълумоти бештареро дар бораи шартҳои озмун ва номгӯи ҳуҷҷатҳо  дар торномаи бонк дарёфт карда метавонед.

Барчаспҳо:
эълони ҷои кор, ишғоли ҷойҳои корӣ, вазифа, БМТ

Мавзӯъҳои асосӣ