10:51 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Счетчик расхода потребления воды, архивное фото

Обрасонӣ дар Хоруғ: яке 10 литру дигаре ним тон сарф мекунаду пулро баробар медиҳанд

© Sputnik / Виталий Аньков
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
247 0 0

Раёсати корхонаи “Обу корез”-и шаҳри Хоруғ талаботи шабонарӯзии сокинони шаҳрро ба об 8 ҳазор метри мукааб гуфта, иттилоъ дод, ки ҳамарӯза ба манзили сокинон ва идораву муассисаҳои шаҳр 14 ҳазор метри мукааб оби ошомиданӣ интиқол дода мешавад

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Иттилои масъулин аз обрасонии бештар аз талабот ба сокинони шаҳр дар ҳолест, ки  дар аксари маҳаллаҳои шаҳр реҷаи махсуси тақсими об ҷорӣ гардидааст.

Дӯсталӣ Худоёров, сардори корхонаи “Обу корез”-и Хоруғ зимни нишасти матбуотӣ ба суол, ки қариб як баробар ҳаҷми об куҷо меравад ва чаро нисфи ҳаққи истифодаи об ба корхона барнамегардад, посух дод.

“Яке сабабҳои асосии коҳиш ёфтани фишор ва миқдори об, ин кӯҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обрасонӣ мебошад. Зеро аз рӯзи васлу насб гардидани қубурҳои обгузар зиёда аз 50 сол мегузарад  ва нисфи об ба манзили сокинон нарасида, дар роҳ талаф меёбад. Сабаби дуюм, аз меъёр зиёд истифода бурдани  об аз сӯи шаҳрнишинон ва сарпечӣ кардани онҳо аз пардохти ҳаққи истифодаи об мебошад”, - хабар додаст “Ховар” аз қавли Худоёров.

Манбаъ афзудааст, ки яке замини наздиҳавлигиашро бо оби пок обёрӣ карда, то ним тонна об сарф менамояду дигарӣ, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, ҳамагӣ 10-12 литр об масраф мекунад, вале азбаски ҳарду ҳисобкунак надоранд, пардохти ҳаққи обашон баробар аст.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти шаҳри Хоруғ ба раёсати корхонаи воҳиди давлатии “Обу корез”-и шаҳр дастур дод, ки ҳамаи истеъмолкунандагон ва дар навбати аввал идораву муассисаҳои давлатию хусусӣ ва ҷамъиятиро бо  ҳисобкунакҳои об таъмин кунанд.

“Давоми ҳафтаи охир дар 25 бинои идораву муассисаҳо ҳисобкунакҳои об  васл карда шуданд. Агар  то охири моҳи август  корхонаю муассисаҳои ҳудуди шаҳр васл кардани  ҳисобкунакҳоро ба таъхир гузоранд, аз истифодаи минбаъдаи об  маҳрум мемонанд”, - омадааст дар матлаб.

Мавзӯъҳои асосӣ