Панҷакент: корхонаи оҳакпазӣ ҷарима шуд, аммо заҳролудшавии моҳиҳо номуайян боқӣ монд

© PixabayРыба, архивное фото
Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд гуфтанд, ки корхонаи оҳакпазии шаҳри Панҷакентро 11 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд, вале заҳролудшавии моҳиҳо аз ҳисоби партови оҳак ба дарёи Шинг муайян нашудааст

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Муовини Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд Бунёд Абдуаликзода зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, корхонаи оҳакпазии Панҷакентро, барои ҷойгир кардани партовҳои ғайрирасмӣ дар соҳили дарёи Шинг ҷарима кардаанд.

Аммо ӯ афзуд, ташхиси нобудшавии моҳиҳо аз оби олуда ба заҳр дар ин дарё муайян нашудааст.

"Мутахассисони мо якҷо бо нозирони идораи ҳифзи муҳити зист ва идораи санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент ба соҳили дарёи Шинг рафта, ташхис гузарониданд. Дар асоси мактуби онҳо ва хулосаи идораи байторӣ, ягон ҳодисаи заҳролудшавии моҳиҳо маълум карда нашуд. Партовпартоии корхонаи оҳакпазӣ ошкор шуд ва онро 11 ҳазор сомонӣ ҷарима кардем", -  гуфт Абдумаликзода.

Аммо боз ҳам ин саволи рӯзноманигорон, ӯро манзур медошт, ки дар ҳоли ошкоршавии олудасозии муҳити зист аз ҳисоби партов, чаро сабаби заҳролудшавии моҳиҳо номаълум боқӣ мемонад? Пас моҳиҳои дарёи Шинг чи тавр мурдаанд?, дар посух, Бунёд Абдумаликзода, ҳамин қадар гуфт, ки "заҳролудшавии моҳиҳо муайян нашудаанд".

Эмомали Рахмон посетил фруктовые сады в районе Джаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон
Маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон барои моҳипарварӣ ва содирот меваҳо

Муовини Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд, сарусадоҳо дар мавриди ҷойдошти симоб дар нуқтаҳои партовпартоии сехи оҳакпазиро рад кард ва гуфт, ки дар он мавзеъ танҳо паҳшиншавии маводи оҳак (шлак) дида мешавад.

Мавзӯъи заҳролудшавии моҳиҳо дар Шингруд баъди он зиёд расонаӣ шуд, ки сокинони Панҷакент, дар нимаи моҳи июл, нобудшавии чандин моҳӣ ва оби олуда аз партови оҳаксангро дар Шингруд ба навор гирифта, манзури корбарони шабакаҳои интернетӣ қарор доданд.

Дар ин навор дида мешуд, ки оби дарёи Шинг шафоф набуда, балки дар натиҷаи олудагӣ хираву зард шудааст. Сокинони шаҳри Панҷакент бо мушоҳидаи ин ҳолат, изҳори нигаронӣ намуданд, ки заҳролудшавии дарё, муҷиби нобудшавии моҳиҳо шудааст.

Аммо, Ашраф Ғафуров, сардори идораи ҳифзи муҳити зисти Панҷакент, дар нишасти хабарӣ, сабаби нобудшавии моҳиҳоро аз кандашавии сангҳои дарё шарҳ дода, афзудааст, ки ба ҳангоми фаромадани сел, моҳиҳо зери сангҳо мондаанд.

Ин масъули идораи ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин шумори моҳиҳои нобудшударо 20 то хондааст.

Ним тухму 25 грамм моҳӣ: Ҳукумат ғизои якрӯзаи шаҳрвандонро тавсия дод

Вале, сокинону коршиносони маҳаллӣ дар Панҷакент ин шарҳи масъули идораи ҳифзи муҳити зистро бепоя ҳисобида, таъкид меварзанд, ки чи гуна моҳиҳое, ки дар ин дарёи асосан тезоб зиндагӣ мекунанд, ба осонӣ зери санг монда нобуд мешаванд?

Сехи оҳакпазии мутаалиқ ба корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой "Зарафшон" дар канори ин дарё, дар ҳудуди ҷамоати Шинг ҷойгир аст.

Оҳаки истеҳсолшуда яке аз ҷузъҳои муҳим барои фаъолияти корхонаи “Зарафшон” ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0