21:11 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
783 0 0

Дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кӯдакони бесаробон ва ятимон тамошои ройгон аз осорхонаҳо ва боғҳои фароғатӣ фароҳам оварда мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи таҷлил аз 28- умин солрӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро тасдиқ намудааст, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Тибқи муқаррароти шаҳрдори Душанбе, дар ин рӯз кӯдакони бесарпаноҳ ва ятимони кулл метавонанд ройгон ба дилхоҳ осорхона ва боғи фарҳангӣ ба таври ройгон омада тамошо кунанд.

Раисиҷумҳур маркази савдои “Давлатҷон”-ро кушоду ба ятимон пул дод

Зимнан раиси шаҳри Душанбе қарор қабул намудаст, ки дар ҷашни мазкур дар қаламрави пойтахт бозиҳои варзишӣ, мусобиқаҳои гуногун ва ҳамчунин ҳашари умушаҳрӣ доир мешавад.

Зикр мегардад, ки ҷашни асосӣ бегоҳи рӯзи 9- уми сентябр дар “ Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад.

Хайрияҳои саховатмандону сокинони Хатлон ба маъюбону ятимон равона шудааст

Гузашта аз ин дар назар аст, ки дар арафаи ин ҷашн дар Душанбе даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли 2021 баргузор мешавад, аз ҳоло идома дорад.

Барчаспҳо:
кӯдакони ятим, сайру гашт, ид, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ