22:42 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Баран для жертвоприношения в мусульманский праздник Курбан-Байрам, архивное фото

Қарори Эмомалӣ дар бораи забҳи чорво дар Душанбе дар Иди Қурбон

© Sputnik / Александр Кряжев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2590 0 0

Рӯйхати ҷойҳои муайяншудаи муваққатӣ барои забҳи чорво дар остонаи Иди Қурбон дар Душанбе, нашр шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт бо интишори намунаи қарори раиси шаҳр хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои вижаи забҳи чорво ташкил карда мешавад.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шоҳмансур 18 макони вижа оғоз аз кӯчаи Бадахшон 1 то Чиноро, дар ноҳияи Фирдавсӣ низ 18 макон аз ҷумла маҳаллаҳои Яккачинор ва Равшангарон, дар Сино дар 34 ҷой ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳофиз Шерозӣ, дар корхонаи замонавии забҳи чорвои "Ёвар-11", воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойҳои забҳи чорво ташкил мешавад.

Абдулқодирзода санаи Иди Қурбон, соати намози ид ва мавзӯи мавъизаро эълон кард

Раисони  ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе", Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор шуданд, барои пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.

Дар Тоҷикистон санаи таҷлили "Иди Қурбон" маълум шуд

 

Барчаспҳо:
иди Қурбон, чорво, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    2941
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    618
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    511