15:34 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
За держаный таксист, нарушитель общественного порядка

Ронандаи авбош дар Душанбе барои латукӯби ҷавондухтар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд

© МВД по Душанбе
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
456 0 0

Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ронандаи таксӣ хабар медиҳад, ки дар латукӯби ҷавондухтар гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Кормандони  Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе бар асоси  наворе, ки як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук унвонии раёсат ирсол доштааст, ронандаи таксиро боздошт карданд.

Дар навори ирсол намудаи корбари шабакаи иҷтимоӣ, латукӯби як ҷавондухтар аз ҷониби ронандаи таксӣ сабт гардидаст, ва ҷавон аз кормандони ин ниҳод дархост намудаст, ки алайҳи ронандаи авбош чораандешӣ сурат гирад.

Хуршед Азизов: арӯсамро даъват кардам- омад, гапамон гурехт - лату кӯб кардам - Навор

Зимнан ба кормандони Раёсати вазорати мазкур даст омад, ки нафари дар навор инъикосгардидаро муайян ва дастгир намоянд.

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

Манбаъ меафзояд, ки ҷавони дар навор сабтгардида, шаҳрванд Некрӯзи Мазами 20- сола, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи А. Дониш мебошад.

Пас аз бозпурсӣ, ронандаи таксӣ тасдиқ намудаст, ки дар ҳақиқат мобайнҳои моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи А. Ҷомӣ қарор доштанаш, дар назди автомашинаи тамғаи "Хундай-Аксент", ба як нафар ҷавондухтари ба ӯ шинос дарафтода, нисбаташ дағалона рафтор ва бо суханҳои қабеҳ шаъну шарафашро паст зада, як маротиба бо пояш задааст.

Зимнан нисбати  Некрӯзи Мазам тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино ирсол гардид.

Додгоҳ рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ нисбати Некрӯзи Мазам ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 - шабонарӯз таъин намуда, номбурда барои адои ҷазо ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ёнтиқол ёфт.

Барчаспҳо:
ҳабс, латукӯб, авбош, ронанда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ