22:23 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми сайёҳат дар Арху

Вазир дипломатҳои хориҷиро барои сайёҳат ба “Арху” бурд

акс аз сомонаи ВУХ Тоҷикистон
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон сафирони хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалиро ба сайёҳати дараи Ромит бурда, ҳамроҳӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар қисмати шарқии Ромит водии хушманзараи Арху ҷойгир аст, ки дипломатҳои ватанию хориҷӣ аз он боздид намудаанд.

“Арху дар 75 километрии шаҳри Ваҳдат дар баландии 1900 метр ҷойгир мебошад. Дар водӣ дарёчаи Рӯдипок ҷорӣ аст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали моҳи равон дар дараи Ромит маҷмааи сайёҳии “Арху” -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро мавриди истифода қарор дода буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, маҷмааи “Арху” меҳмонхонаи навбунёдеро дар бар мегирад, ки аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғён қомат афрохтааст.

Манбаъ афзуд, ки меҳмонхонаи мазкур дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ – “делюкс” мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тасмими онҳоро намунаи ибрат хондаст.


Мавзӯъҳои асосӣ