20:45 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Новое административное здание МВД Таджикистана

ВКД акси манзилеро, ки ҷони капитан Фаррух Иброҳимовро гирифт, нашр кард

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
53001

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии капитан Фаррух Иброҳимов гузориш нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. ВКД Тоҷикистон аз қаҳрамонии капитан Фаррух Иброҳимов гузориш дода акси манзилеро, ки капитан ба баҳои ҷони худ, аз дохили он моликияти соҳибхонаро берун овард, нашр кардааст.

Аз акс дида мешавад, ки аз хона танҳо деворҳои сӯхтае боқӣ мондаасту халос. Дару тиреза, бому дигар таҷҳизоти манзил пурра ба коми оташ рафтааст.

Манзиле, ки дар сӯхтори он Фаррух Иброҳимов ҷон дод
Манзиле, ки дар сӯхтори он Фаррух Иброҳимов ҷон дод

Бино ба гузориши ВКД, чунин диловарии бемислро капитан Иброҳимов Фаррух Фурқатович муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД бар ивази ҷон анҷом дод.

Иброҳимов ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода барои хомӯш кардани оташ ҳиссагузорӣ намуд.

Афсари ҷавон, ки ҳамагӯ 27 сол дошт бо ғайрати том ба сухторхомӯшкунӣ машғул гашта дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сухтаи бадан мебардорад. Ва бо бардошти 85 % сӯхтани аъзои бадан дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Ҳодисаи сӯхтор шоми 8-уми август сарзада ҳуҷраҳои истикоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ меравад. Инчунин хатари паҳншавии алангаи оташ ба дигар манзилҳои истиқомати ба вуҷуд омада қисми дарвозахонаи ҳамсоя низ сухта зарар дидааст.

Дар ин ҳодисаи сухтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳаққу ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани оташ талош намуда, бо мақсади наҷот додани моликияти соҳибхона ва пешгирии афзоиши зарар афсари ба савганди худ содиқи мақомоти корҳои дохилӣ ҷасурона қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда ҷони худро дар хатар гузошт. 

Оқибати сӯхтор барои оилаи Иброҳимовҳо бо аз даст додани фарзанд хело пурдарду ҷигарсӯз бошад ҳам онҳо ифтихор доранд, ки чунин фарзанди солеҳ, қавииродаву поктинатро ба камол расонидаанд, ки хизмат ба халқу Ватанро пеша намуда дар ҷодаи интихоб намудааш то охирин нафас содиқ монд.

Афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов пас аз марг бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рутбааш ду зина боло бардошта шуда бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид.

Дар ҳақиқат барои насли ҷавони мақомот корнамоии ӯ мактаби зиндаи ҷасорат аст.

Зиндагинома

Иброхимов Фаррух Фурқатович 23.10.1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда дар оила фарзанди нахустин буд.

Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Перм таҳсил карда баъди хатм, фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РҚД ВКД воқеъ дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.

Оиладор ва сохиби ду фарзанд мебошад.

Барчаспҳо:
ҳалокат, сӯхтор, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ