Мақомот гуфт кай аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион мерасад

Обуна шудан
Тибқи пешбиниҳо, шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллион нафар баробар хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, феълан аҳолии ҷумҳурӣ ба андозаи 2.2 дарсад афзоиш ёфта ба  9 миллиону 212,1 ҳазор нафар баробар аст, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Ребенок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад

Шумораи аҳолӣ аз ҳамма беш дар вилояти Хатлон буда 3,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин табқи маълумоти агентии мазкур вилояти Суғд аз лиҳози нуфузи аҳолӣ дар мақоми дуюм қарор дошта 2,6 миллион нафарро дар бар мегирад.

Рӯзона дар Тоҷикистон чанд кас таваллуд мешаваду чанд мемирад? омори СММ

Зимнан, аз ҳама кам аҳолии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта мешавад, ки аҳолии ин минтақа ҳамагӣ 228 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ноҳияҳои тобеи марказ 2,1 миллион нафар ва дар шаҳри Душанбе 851,3 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Манбаъ меафзояд, ки аз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон 50,7 фисад мардон ва 49,3 дарсадро занон ташкил медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 1990 ҳамагӣ 5,4 миллион нафарро ташкил медод. Тибқи пешбиниҳо шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллион нафар баробар хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон зоишро танзим мекунад

Қайд карда мешавад, ки айни замон давомнокии миёнаи умр дар кишвар 75 солро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0