14:25 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Калиди хонаҳои бисёрошёна, акс аз бойгонӣ

Сармеъмори Хоруғ роҳи таъмини аҳолӣ бо манзилро бунёди бисёрошёнаҳо гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Алишер Ғоибназаров, сармеъмори шаҳри Хоруғ бунёди биноҳои баландошёнаро дар шароити камзаминии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ягона роҳи таъмини аҳолӣ бо хонаҳои истиқоматӣ хондааст

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Ғоибназаров гуфт, дар замони истиқлолият дар шаҳри Хоруғ биноҳои хуштарҳу зебо бунёд гардида, симои шаҳрро ба куллӣ тағйир додаанд.

“Се даҳсола пеш сохтмони биноҳои баландошёнаро дар ҳудуди вилоят ғайриимкон мешумориданд ва меъморону муҳандисон аз бунёди чунин иморатҳо худдорӣ мекарданд. Дар ҳоле ки дар шароити камзамини манотиқи кӯҳистон ягона воситаи таъмини аҳолӣ бо хонаи истиқоматӣ- ин бунёди биноҳои баландошёна мебошад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли сармеъмори Хоруғ.

Манбаъ афзуд, ҳоло дар шаҳри Хоруғ се бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохта, дар канорашон сохтмони бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ идома дорад.

“Соли оянда ин бинои истиқоматӣ мавриди истифода қарор мегирад ва дар паи он  боз сохтмони  як бинои дигари истиқоматии 11-ошёна оғоз меёбад. Дар маҷмӯъ, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 30 иншооти хурду бузург бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар назар аст”, - омадааст дар иттилоия.

Хабаргузории “Ховар” зимни гузориш аз машварати кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ таъкид, ки рӯзҳои наздик барои фаъолияти пурсамари муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” дар шаҳру навоҳии ВМКБ утоқҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз фаъол мешаванд.

Барчаспҳо:
машварати корӣ, лоиҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, Хоруғ, Тоҷикистон-ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ