10:14 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Летний фестиваль в Душанбе 17.08.2019

Дар Тоҷикистон тадобири амниятӣ пурзӯр мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
1030 0 0

Дар арафаи таҷлили ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кормандони мақомоти қудратӣ ба фаъолияти шабонарӯзӣ мегузаранд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз 7 - уми сентябр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ ба реҷаи пурзӯри адо хизмат мегузаранд, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Бар хабари манбаъ, пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба таҷлили 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки саннаи 9 - уми сентябр таҷлил мешавад.

Консерти ситораҳои тоҷик барои сокинони пойтахт дар рӯзи Истиқлолият

Зимнан Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ хабар медиҳад, ки дар робита ба ҷашни Истиқлолият дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тадобири амниятӣ пурзӯр мешавад.

Гуфта мешавад, дар чунин реҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ то рӯзи 13 - уми сентябр фаъолият мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 9 - уми сентябри соли равон дар Тоҷикистон 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Се рӯзи истироҳатии тоҷикистониён дар арафаи рӯзи Истиқлолият

Чорабиниҳои асосӣ дар Душанбе бахшида ба ҷашн шоми 9 сентябр дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" доир мегардад, ба сокинону меҳмонони пойтахт бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоиши театришуда пешкаш мешавад.

Мавзуҳо:
9 сентябр - рӯзи Истиқлол: 28 соли мустақилияти Тоҷикистон (49)
Барчаспҳо:
тадобири амниятӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ