Раҳмон дар Кӯлоб фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ кард

© Sputnik / Амир ИсаевПродажа яиц на рынке Мехргон
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Масидиқ Одинаев сохта шуда, зиёда аз 30 нафар сокинони Кӯлобро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад, фабрикаи паррандапарварии ҶДММ "Саман"- ро, ки дар деҳоти Кӯлоб бо саҳми соҳибкор Масидиқ одинаев сохта шудааст мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Птицеводческое предприятие. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ фаъол мешавад

Бар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, фабрикаи мазкур барои парвариши 200 ҳазор сар парранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай парвариши 50 ҳазор парранда ба роҳ монда шудаст.

Гушти мурғу тухм арзон мешаванд: дар Кӯлоб се ширкати нави мурғпарварӣ ифтитоҳ мешавад

Гуфта мешавад, масоҳати фабрикаи паррандапарварӣ 5,05 гектар буда, дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст.

Қайд мегардад, ки дар сурати пурра ба фаъолият пардохтанд, иқтидори истеҳсолии он зиёда аз 150 ҳазор тухм дар як рӯз хоҳад буд.

Дастгоҳу таҷҳизоти фабрикаи мазкур аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ гардида, ба таври автоматӣ идора карда мешавад.

Деҳқонони Суғд истеҳсолотро бештар аз 100 дар сад зиёд карданд

Дар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби корхонаи фаръии КВД "Лоиҳакаш"-и шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.

Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ моҳи апрели соли 2018 оғоз ва 11 сентябри соли 2019 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. 

Лентаи хабарҳо
0