20:10 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи Бадахшон, акс аз бойгонӣ

Таъмини деҳоти Ванҷ бо об ва ҳисобкунак

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Деҳаҳои Роғи 1, Роғи 2-и Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев ва маркази Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатӣ бо шабакаи муосири обрасонӣ таъмин карда шуданд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Солҳои қаблӣ сокинони ин деҳот барои дастрас кардани оби пок якуним километр роҳро тай намуда, аз кӯҳдоман об мекашонданд, хабар додааст "Ховар".

Президент Таджикистана на открытии нового завода Сиёма в Душанбе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуд, ки акнун ин ҳама мушкилот паси сар шуданд ва зиёда  аз 100 хонаводаи деҳаҳои мазкур минбаъд аз пеши дари хонаи худ об мегиранд.

“Акнун 58 хонаводаи деҳаи мо аз назди ҳавлии худ об мегиранд.  Солҳои пеш  аз оби ҷӯйбори деҳа  истифода мекарданд, ки на ҳама вақт поку тамиз буд. Дар фасли зимистон обро аз чашмае, ки дар баландӣ, дар доманакӯҳ ҷойгир аст, ба манзилҳоямон меовардем”, - изҳор доштааст, сокини деҳаи Рованд Сотим Муҳаббатов.

Иқдоми сокинони Хуҷанд баъди 10 рӯзи беобӣ, интизорӣ ва оҷизии "Хуҷандводаканал"

Об ба деҳа аз масофаи чордаҳуним километр аз домани кӯҳ тавассути қубур расонда шудааст. Сокинони деҳот бо ҳисобкунакҳо таъмин гашта, маблағи ҳаққи об барои таъмир ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ  сарф хоҳад шуд, гузориш додаанд масъулин.

Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим  сокинони деҳаро бо ҷашни Истиқлол шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки “маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Ванҷ равнақу ривоҷ ёфт. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 241 иншоот ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд”.

Раис илова намудааст, ки дар ояндаи наздик дар ноҳия боз 9 пули мошингузар бунёд карда мешаванд ва дар маҷмуъ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бунёди 80 адад иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.

Барчаспҳо:
ВМКБ, деҳа, об, ҳукумати ноҳияи Ванҷ, Ванҷ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ