10:17 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Муроҷиати Раҳмон ба фарзандони Данғара барои таъмини ҳамдиёрон бо ҷои кор

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
655 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баъди 12 соли оғози сохтмон Қасри фарҳанги ноҳияро ба истифода доду бо сокинон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Кохи фарҳанг таъкид намуд, ки Данғара дар гузашта ва имрӯз ҳам фарзандони бонангу номус зиёд дорад. Ӯ дар идома аз аҳамияти саҳмгузорӣ дар рушди маориф суҳбат кард.

 “Маблағгузорӣ ба таълиму тарбия муҳимтарин амалест, ки самараи он ба пешрафти давлат ва ояндаи неки кишвар нигаронида мешавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба иттилои котибот, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ин кори хайр баробари Ҳукумати кишвар, инчунин, ҳар фарди бонангу номус, аз роҳбарони соҳаи маориф ва устодону омӯзгорон сар карда, то соҳибкорону тоҷирон, падару модарон, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа бояд саҳми худро гузоранд.

“Ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрӯз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд дар ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ бо роҳи таъсис додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти варзиш, таъмири роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайр барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба ҳамдиёрони хеш саҳми ватандӯстона гузоранд”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.

Ӯ зикр кард, ки имрӯз шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Данғара – ифтитоҳи Қасри фарҳанг шуданд.

“Қасри фарҳанг аз се ошёна иборат буда, дорои толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст, китобхона, толорҳои омӯзиши асбобҳои гуногуни мусиқӣ, технологияҳои муосир, толори ҷаласаҳои корӣ, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар яке аз толорҳои қаср осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил карда шудааст”, - иттилоъ дод Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки бунёди чунин кохи зебои фарҳанг туҳфаи беҳтарин ба мардуми заҳматдӯст ва бонангу номуси ноҳияи Данғара ба муносибати 28 — солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ